Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Р Е З А А Х Б О Р




Санаи 16 декабри соли ҷорӣ Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим бо Роҳбари Гурӯҳи Воситаи ташхисии баҳогузории маъмурияти андоз (минбаъд TADAT) Султан Хваджа Мунавер вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои самтҳои асосии самаранокии маъмурикунонии андозро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зимнан ёдовар мешавем, ки TADAT ин воситаи умумиҷаҳоние мебошад, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд онро бо мақсади баҳогузории тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андози худ истифода намоянд. Ҳангоми баҳогузории TADAT ба масъалаҳои маъмурикунонии андозҳои ташкилкунандаи қисмати даромади буҷет диққати асосӣ дода мешавад. TADAT самаранокии мақомоти миллии андозро аз рӯи 9 самти натиҷабахш баҳогузорӣ менамояд: пуррагии махзани маълумотҳои андозсупорандагони бақайдгирифташуда, самаранокии идораи хавҳо, расонидани кӯмак ба андозсупорандагон ҷиҳати риояи қонунгузорӣ, пешниҳоди саривақтии эъломияҳои андозӣ, саривақт супоридани андозҳо, дурустии маълумотҳои дар эъломияҳои андозӣ дарҷгардида, самаранокии расмиятҳои ҳалли баҳсҳои андозӣ, самаранокии идораи даромадҳо, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият. Чунин баҳогузории самаранокии фаъолияти мақомоти миллии андоз, тарафҳои қавӣ ва заифи низоми маъмурикунонии андозро аллакай бисёре аз давлатҳои ҷаҳон ба монанди Федератсия Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Украина, Беларус ва дигарон гузаронидаанд. Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки аз рафти баҳогузории TADAT мунтазам маълумот пешниҳод намояд.

Раёсати ҳамкории байналмилалӣ ва андозбандии
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон