Кумитаи андоз > Эълонҳо > Эълон

Эълон


Санаи нашр: 04.07.2018
ЭЪЛОН

Муҳтарам шаҳрвандон ва андозсупорандагон!

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати субъектҳои бефаъолиятро тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият”, ҷиҳати аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудан, пешниҳод менамояд.

Аз Шумо хоҳиш менамоем, ки дар сурати пайдо гардидани арзу шикоятҳо нисбати андозсупорандагони бефаъолият, ба Бахши иттилоотӣ бо рақамҳои содакардашудаи телефонии 151, 152 ва рақами (992-37) 233-08-51 ё ба Кумитаи андоз бо суроғаи ш.Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 42/2 арзу шикоятҳои худро пешниҳод намоед. Қаблан, барои ҳамкориятон миннатпазирем.

Рӯйхати субъектҳои бефаъолият


Кумитаи андози назди 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаблоны для dle 11.2

Чоп кардан | Бе тасвирҳо | Ба ақиб