Кумитаи андоз > Хабарҳо > Тартиби бо реҷаи электрони пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони

Тартиби бо реҷаи электрони пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони


Санаи нашр: 05.02.2018
Санаи 14 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуда буданд, ки бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субектони хоҷагидор ва аз байн бурдани омилҳои инсонӣ ба тариқи реҷаи электрони ба роҳ мондани қабули ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродӣ то санаи 1 январи соли 2018 таҳия ва ҷорӣ намояд.

Бо мақсади иҷрои дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон модули нави хизматрасонӣ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо тартиби элетронӣ таҳия карда шуда, дар Сомонаи расмии Кумитаи андоз ҷойгир карда шудааст.

Тибқи модули нави зикргардида, андозсупорандагон аз 1 январи соли 2018 оғоз карда имконият доранд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахсони ҳуқуқи, соҳибкорони инфироди ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ бемонеъа бо тартиби электорони ба шуъба ва бахшҳои бақайдгирии давлатии маҳалли фаъолияти худ пешниҳод намоянд.

Барои истифода бурдани тартиби мазкур андозсупорандагонро зарур аст, ки худро дар портали электронии Кумитаи андоз ба сифати истифодабарандаи барномаи мазкур ба қайд гиранд. Бо ин мақсад онҳо ба сомонаи расмии Кумитаи андоз бо суроғаи электронии www.andoz.tj ворид гардида, қисмати “пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ”-ро интихоб менамоянд. Дар равзанаи кушодашуда нуқтаи ишорашударо интихоб карда ворид мешаванд ва маълумотҳои шиносномавии худро дохил карда, баъдан нусхаи шиноснома ва акси худро илова карда, ирсол менамоянд.

Дар сурати дурустии маълумотҳои тариқи электронӣ пешниҳодшуда, аз тарафи Кумитаи андоз маълумотҳо тасдиқ ва бо тариқи СМС-хабар ба телефони мобилии андозсупоранда Рамзи махфӣ равон карда мешавад ва андозсупоранда дар портали электоронии Кумитаи андоз ба таври доими ба қайд гирифта мешавад. Рамзи махфии додашуда доими буда, барои ворид гардидан ба портали электронии Кумитаи андоз истифода мешавад.

Бо мақсади пешгири намудани ҳолатҳои истифодаи рамзи махфии зикргардида аз ҷониби шахсони дигар дар барномаи мазкур, инчунин истифодаи рамзи муваққати пешбини гардидааст, ки чунин рамз низ бо тартиби СМС – хабар, барои ҳар як маротибаи истифода бурдани барнома ва ворид гардидан ба утоқи шахсии андозсупоранда аз ҷониби Кумитаи андоз ба телефони мобилии истифодабаранда ирсол карда мешавад.

Андозсупорандагон бо истифода аз рамзҳои мазкур ва ворид намудани Рақами мушаххаси андозсупоранда ба утоқи шахсии худ ворид гардида, дар қисмати “Бақайдгирии давлатӣ” гузаронидани амали бақайдгирии барояшон заруриро интихоб менамоянд. Яъне, агар тибқи патент фаъолият кардани бошанд патентро, агар тибқи шаҳодатнома ба фаъолият машғул гардидани бошанд тибқи шаҳодатномаро ва ё агар шахси ҳуқуқӣ таъсис додани бошад шахси ҳуқуқиро интихоб менамояд.

Баъди интихоб намудани яке аз шакли бақайдгирии давлатӣ ба андозсупорандагон шакли аризаи тасдиқшуда дар равзана кушода мешавад. Андозсупорандагонро зарур аст, ки ҳамаи қисматҳои аризаро пур намуда, дар қисми забонхат ҳаммаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро нусхабардорӣ (сканер) намуда, нусхаи онҳоро ба барнома ворид намоянд ва маҳалли фаъолияти соҳибкории худро интихоб карда, ҳуҷҷатҳо ва аризаро ба Бахши бақайдгирии давлатии маҳалли фаъолияти худ ирсол намоянд. Бояд қайд намуд, ки номгуйи ҳуҷҷатҳои зарури барои гузаронидани ҳар як амали бақайдгирии давлати дар алоҳидаги дар барнома нишон дода шудааст. Баъд аз равон намудани ҳуҷҷатҳо, аз барнома ба андозсупорандагон ба таври автоматики оиди номгуйи ҳуҷҷатҳои ирсолнамудаашон дар шакли хатти забонхат дода мешавад, ки метавонанд онро нашр карда гиранд.

Ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз ҷониби андозсупорандагон дар шакли электронӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бахши бақайдгирии давлатии маҳалли фаъолияти онҳо, маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ баррасӣ карда мешавад. Дар сурати дуруст ва пурра пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо, аз тарафи Бахши бақайдгирии давлатӣ ба телефони мобилии андозсупорандагон СМС-хабар ирсол гардида, хабар дода мешавад, ки ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи онҳо дуруст мебошад ва барои бақайдгирии давлати субекти хоҷагидор қабул карда шуда, муроҷиаткунанда метавонад пас аз 2 рӯзи корӣ барои гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худ ба Бахши бақайдгирии давлатии дахлдор ҳозир шавад.

Барои гирифтани ҳуҷҷати соҳибкории худ аризадиҳандаро зарур аст, ки шиноснома ва нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои ба таври электрони ирсолнамудаи худро гирифта ба Бахши бақайдгирии маҳалли ҷойгиршавӣ фаъолияти худ ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои аслиро супорида, шаҳодатномаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас менамояд.

Бояд қайд намуд, ки номгуйи маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарури барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқи ва соҳибкорони инфироди” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор муқаррар карда шудааст.

Дар ҳолатҳое, ки ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои зарури аз ҷониби андозсупорандагон ба таври нопурра ва ё нодуруст пешниҳод карда мешаванд, қабули ҳуҷҷатҳои ба таври электрони ирсолнамудаи андозсупоранда тибқи талаботи моддаи 34 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” рад карда шуда, дар ин хусус аз тарафи Бахши бақайдгирии давлатӣ ба утоқи шахсии андозсупоранда огоҳнома ва ба телефони мобилии он СМС-хабар равон карда шуда, камбудии ҷойдошта ба таври мушаххас дар огоҳномаи мазкур дарҷ карда мешавад. Дар сурати гирифтани огоҳномаи рад андозсупорандагон метавонанд камбудии дар огоҳнома зикргардидаро ислоҳ намуда, ҳуҷҷатҳоро дуруст ва пурра карда такроран тариқи электронӣ равон намоянд.

Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва андозсупорандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатӣ дар шакли электронӣ бо диққат буда, ҳуҷҷатҳоро дар шакли дуруст омода ва пешниҳод намоянд.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар партави роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки барои ба таври васеъ истифода гардидани тартиби нави ҷорӣ гардида, онро боз ҳам такмил дода, мукаммал гардонад.

Аз андозсупорандагон ва шаҳрвандони муҳтарам эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки тартиби электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгирии давлати истифода намоянд, зеро он бевосита барои сарфаи вақт ва маблағҳои онҳо таҳия ва ҷори карда шудааст. Истифодаи дурусти тартиби мазкур ба шаҳрвандон ва сокинони ҷумҳури имконият медиҳад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкории худ ва ё таъсиси шахси ҳуқуқи, ҳамаги як маротиба, он ҳам барои гирифтани шаҳодатномаи аслии фаъолияти соҳибкори ташриф биёранд.

Дар ҳолатҳое, ки оид ба тарзи истифода бурдани тартиби мазкур ва ё оид ба боз ҳам такмил додани он аз ҷониби шаҳрвандон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо ба миён меоянд, метавонанд бо рақами соддакардашудаи телефонии “151” ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
шаблоны для dle 11.2

Чоп кардан | Бе тасвирҳо | Ба ақиб