Кумитаи андоз > Эълонҳо > Барқиянома

Барқиянома


Санаи нашр: 08.06.2017
Нозироти андозсупорандагони калон
Нозироти андозсупорандагони миёна


БАРҚИЯНОМА


    Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар барномаҳои компютерии Системаи иттилоотии андоз дар қисмати пешниҳоди маълумотнома аз рӯи пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз аз фоида тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, пешниҳоди маълумотномаи мазкур дар барномаи компютерӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуд.
    Аз ин рӯ, барои ба саъми андозсупорандагон расонидани тағйироту иловаҳои мазкур санаи 9 июни соли ҷорӣ аз соати 1600 то 1800 бо тамоми андозсупорандагони тобеъи Дастгоҳи маркзии Нозироти андозсупорандагони калон, шӯъбаи Нозироти андозсупорандагони калон дар шаҳри Душанбе ва бахши ноҳияи Шоҳмансури шӯъбаи Душанбегии Нозироти андозсупорандагони миёна ва санаи 10 июни аз соати 1000 то 1200  ва аз соати 1300 то 1500 бо тамоми андозсупорандагони тобеъи бахшҳои ноҳияи Фирдавсӣ, Сомонӣ ва Синои шӯъбаи Душанбегии Нозироти андозсупорандагони миёна дар маҷлисгоҳи Кумитаи андоз семинар-машварат баргузор мегардад.


       Муовини якуми Раис                  А.Солеҳзода
 
 шаблоны для dle 11.2

Чоп кардан | Бе тасвирҳо | Ба ақиб