Кумитаи андоз > МАКТУБҲОИ КУМИТАИ АНДОЗ > Мактуби дастурӣ - №3061/13.1-д аз 13.03.2017

Мактуби дастурӣ - №3061/13.1-д аз 13.03.2017


Санаи нашр: 30.04.2017
№3061/13.1-д аз 13.03.2017




Мақомоти ҳудудии андоз
Раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ

“Доир ба татбиқи дурусти тағйирот
ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид
ба андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард”

  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24.02.2017, таҳти №1398, ба сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, рақами «2017» ба рақами «2018» иваз карда шуд, ки мавриди амал қарор додани он аз санаи 01.01.2017 муқаррар гардидааст.
  Тибқи тағйироти мазкур муҳлати ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз ҷониби андозсупорандагон, барои як соли дигар (барои соли 2017), тамдид карда шуда, муҳлати мавриди амал қарор додани он, аз 1 январи соли 2017 муқаррар гардид.
  Аз ин лиҳоз, ба мақомоти ҳудудии андоз дастур дода мешавад, ки нисбати супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард андози мазкурро аз санаи 01.01.2017 то санаи 31.12.2017 ҳисоб намоянд.
  Сардорони мақомоти ҳудудии андоз вазифадор карда мешаванд, ки тамоми кормандонро бо мактуби дастурии мазкур шинос намуда, доир ба он семинарҳои омӯзишӣ гузаронида бо андозсупорандагон корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ доир намуда, моҳияти тағйироти ба Кодекси андоз воридгардидаро шарҳ диҳанд.

Замима: Нусхаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 24.02.2017, №1398 дар ҳаҷми 1 варақ.



Раис
 Н.Давлатзода


шаблоны для dle 11.2

Чоп кардан | Бе тасвирҳо | Ба ақиб