banner

Низомнома

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР аз 31 августи соли 2012 № 456 ш. Душанбе
Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон



НИЗОМНОМА
оиди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» ва бо мақсади иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз дар солхои 2011 -2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №626 тасдиқ шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
1.Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгўи корхонаҳои (ташкилотҳои) ситемаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3,4).
 
2.Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1755 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 165 воҳид муқаррар карда шавад.
 
3.Маблағгузории Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҳудудии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус анҷом дода шавад.
 
4.Ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 4 муовини Раис, аз ҷумла як муовини якуми Раис ва ҳайати мушовара иборат аз 9 нафар дошта бошад.
 
5.Барои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣба миқдори 110 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 15 адад муқаррар карда шавад.
 
6.Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати ду моҳ:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии   Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мувофиқ намояд;
 
7.Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 28 декабри соли 2006, №607 «Дар бораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз 30 ноябри соли 2007, №602 « Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607»;
- аз 28 майи соли 2009, №327 « Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607»;
- аз 30 декабри соли 2010, №713 « Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607»;
- аз 2 ноябри соли 2011, №567 « Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №607»;
 
 
                                                                                  Раиси
                                                                      Ҳукумати Ҷумҳурии                                      Эмомалӣ Раҳмон
                                                                              Тоҷикистон
шаблоны для dle

Нусхаи чопӣ