banner

Пардохти андозҳо бо истифодаи кортҳои бонкӣ




Ба диққати андозсупорандагон расонида мешавад, ки дар доираи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ» аз 31 декабри соли 2014, №815, ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, Кумитаи андоз бо ҷалби  ташкилотҳои қарзӣ хизматрасонии эквайрингиро ҷорӣ намуд.
   
Бинобар ин, аз санаи 01.05.2018 шахсони воқеӣ имконият доранд, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ тавассути кортҳои пардохтӣ  маблағи андозҳоро дар шакли ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд.
шаблоны для dle 11.2