banner

Даъватнома барои иштирок дар озмун (ДИО № 138/3-45 аз 2 феврали соли 2018)



ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
 (ДИО № 138/3-45 аз 2 феврали соли 2018)


  1. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ташкилоти харидор – Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва марказҳои хизматрасонии техникии мошинҳои назоратӣ – кассавиро ҷиҳати иштирок дар озмуни хариди давлатӣ оид ба “Интихоби таҳвилкунандаи асосӣ ва иловагии хизматрасонии интиқоли додаҳои фискалӣ тавассути шабакаи криптографии ҳифзшудаи стандарти GSM 900/1800” даъват менамояд.

2. Пудратчиёни эҳтимолӣ, ки хоҳиши иштирок дар озмун доранд, бо муроҷиати расмии худ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 метавонанд бо мӯҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешакӣ шинос гардида, баъд аз пардохт намудани ҳаққи бебозгашт дар андозаи 230 сомонӣ онҳоро дастрас намоянд.

3. Қабули пешниҳоди тендерии иштирокчиён дар намуди лифофаи мӯҳркардашудаи берунӣ иборат аз ду лифофаҳои мӯҳркардашудаи дохилӣ, ки пешниҳоди техникӣ ва пешниҳоди молиявиро дар бар мегирад аз ҷониби котиби масъули комиссияи тендерӣ (Мухторов Ф.) дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли то 27 феврали соли 2018 соати 14.00 амалӣ мегардад. Мӯҳлати муқаррагардида мӯҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерӣ қабул карда намешаванд.

4. Расмиёти кушодани лифофаҳои дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи комиссияи тендерӣ дар маҷлисгоҳи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 санаи 27 феврали соли 2018 соати 14.05 баргузор мегардад.

Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар раванди кушодашавии лифофаҳо пешниҳод мегардад.
шаблоны для dle 11.2