banner

Хизматрасонии мақомоти андоз беҳтар гардидааст



Анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ, такмил ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти андоз ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати ба таври замонавӣ ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, инчунин сарфа намудани вақти андозсупорандагон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияи иттилоотии муосир шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон аз хизматрасониҳои мақомоти андоз, аз ҷумла тавассути:
  • Бахши иттилоотӣ («Контакт – сентр», рақамҳои телефонии 151 ва 152);
  • сомонаи Кумитаи андоз (http://andoz.tj);
  • почтаи электронӣ (info@andoz.tj) бемонеа истифода намоянд.

Бахши иттилоотии Кумитаи андоз («Контакт-сентр») бо чидани рақами содакардашудаи «151» дар хизмати андозсупоранда мебошад. Бахши мазкур бо таҷҳизотҳои серверӣ ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он 10 нафар операторон дар соатҳои корӣ, ба истиснои рӯзи якшанбе фаъолият менамоянд. Аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ андозсупорандагон бо кормандони Бахши иттилоотӣ ҳамарӯза дар тамос буда, тавассути телефон оид ба қонунгузории андоз ба таври мустақим посух мегиранд.Муроҷиатҳои телефоние, ки омӯзиши иловагиро талаб менамоянд, на дертар аз 1 рӯзи корӣ (вобаста ба савол) баррасӣ гардида, натиҷаи он ба муроҷиаткунанда тариқи телефон расонида мешавад.

Шаҳрвандон ва андозсупорандагон метавонед дар соатҳои корӣ, ба истиснои рӯзи якшанбе бо ин рақами телефонӣ занг зада, ба саволҳои худ оид ба масъалаҳои андоз ва андозбандӣ ҷавобҳои мушаххас гирифта, инчунин доир ба риоя ва иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, одоби муошират ва қонунвайрокуниҳо, ё беамалии кормандони мақомоти андоз, ба Кумитаи андоз муроҷиат намояд.

Танҳо дар 11 моҳи соли 2017 тавассути рақами телефонии “151” дар маҷмӯъ 12423 муроҷиатҳо ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1015 адад, ё худ 32 фоиз зиёд мебошад.

Илова бар ин, дар соли 2017 барои ба тариқи фаврӣ муайян намудан ва гирифтани маълумот дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами иловагии содакардашудаи телефонии “152”-и Бахши иттилоотии (“Контакт-сентр”) Кумитаи андоз мавриди истифода қарор дода шуд, ки тавассути он шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор метавонанд ҳангоми ба расмият даровардани амалҳои нотариалӣ, гирифтани иҷозатномаҳо, иҷозатҳо, сертификатҳо, ба кор қабул намудан, барасмиятдарории амалиёти иқтисодии хориҷӣ ва ғайраҳо, доир ба рақами мушаххаси андозсупорандаи худ ва рамзҳои сабабҳои баҳисобгирӣ ба тариқи фаврӣ маълумот гиранд.

Аз моҳи апрел то 1 ноябри соли 2017 барои ба тариқи фаврӣ муайян намудан ва гирифтани маълумот ба Бахши иттилоотӣ бо рақами иловагии соддакардашудаи телефонии “152” ҳамагӣ 2102 муроҷиати телефонӣ ворид гардидааст.

Илова бар ин, бо мақсади ҳаддалимкон васеъ намудани доираи корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, аз моҳи марти соли 2017 дар раёсатҳои андоз дар ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон гуруҳҳои иттилоотӣ (колл-сентрҳо) ташкил карда шуда, тартиби фаъолияти гуруҳҳо тибқи замима ба Фармоиши Раиси Кумитаи андоз аз 07.03.2017, №123 тасдиқ карда шудааст.

Дар айни ҳол, дар Раёсати андоз дар ВМКБ рақамҳои 2-00-40, 2-00-44 ва дар раёсатҳои андоз дар вилояти Суғд рақами соддакардашудаи «909» ва дар вилояти Хатлон “154” фаъолият намуда, дар хизматӣ шаҳрвандон ва андозсупорандагон мебошанд.

Сомонаи Кумитаи андоз (http://andoz.tj) махзани электронии маълумотҳое мебошад, ки бо истифода аз он андозсупоранда бо қонунгузории андоз пурра шинос шуда метавонад. Сомонаи Кумитаи андоз мунтазам такмил дода шуда, санадҳои меёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз пурра дар он ҷойгир карда мешаванд. Дар баробари ин, ҷиҳати тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бо тартиби муосир ба роҳ мондани саволу ҷавоб бо шаҳрвандон ва андозсупорандагон дар асоси Фармоиши Кумитаи андоз аз 10 ноябри соли 2017, №507 «Тартиби пешниҳоди машварат дар низоми вақти мустақим (онлайн) бо истифодаи усули “ЧАТ” дар Кумитаи андоз» тасдиқ гардидааст.

Хизматрасонии мазкур ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон имконият медиҳад, ки вақти худро сарфа намуда, мустақилона тавассути сомонаи расмии Кумитаи андоз (http://andoz.tj) дар низоми вақти мустақим (онлайн) бо истифодаи усули “ЧАТ” бо мутахассисони Кумитаи андоз машварат намуда, оид ба масъалаҳои андоз, андозбандӣ ва дигар хизматрасониҳои андоз маълумот гиранд.

Шаҳрвандон ва андозсупорандагон метавонанд тавассути компютерҳо, ноутбукҳо, планшетҳо ва дигар телефонҳои мобилие, ки дар шабакаи интернети пайваст мебошад ва имконияти ба сомонаи Кумитаи андоз даромаданро доранд, бо мутахассисони мақомоти андоз дар машварат бошанд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон, дуруст ба танзим даровардани қабули онҳо дар Кумитаи андоз, тибқи Фармоиши Кумитаи андоз аз 10 ноябри соли 2017, №507 «Тартиби онлайн номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз» ба тавсиб расидааст, ки ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон имконият медиҳад, ки вақти худро сарфа намуда, пешакӣ барои қабул дар Кумитаи андоз сана ва вақти ба худ муносибро барои муошират интихоб намоянд.

Тартиби мазкур бо тариқи онлайн номнавис намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон тибқи нақшаи кории интихобгардидаи Кумитаи андоз амалӣ гардида, бо назардошти вақти муносиб барои сабт ба роҳ монда мешавад. Номнавис барои қабул дар Кумитаи андоз ҳамарӯза бемаҳдудият тавассути сомонаи расмӣ (http://andoz.tj) ва Бахши иттилоотии (бо рақами «151») Кумитаи андоз сурат мегирад. Тибқи тартиби муқаррагардида қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мутасаддии мақомоти андоз дар рӯзҳои корӣ аз соати 8-00 то 17-00 ва аз ҷониби Роҳбарияти Кумитаи андоз тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мегардад.

Самти дигари муҳими фаъолияти мақомоти андоз анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи почтаи электронии (http://andoz.tj) Кумитаи андоз ба ҳисоб меравад.

Дар 11 моҳи соли 2017 ба Бахши иттилоотӣ 807 муроҷиати электронӣ тавассути почтаи электронии Кумитаи андоз ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 102 адад, ё худ 12,3 фоиз зиёд мебошад.

Имрӯзҳо рушди мақомоти андозро бе компютерикунонии сартосарии он, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои компютерӣ, мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири иттилоотӣ, созмон додани махзанҳои электронии маълумот ва шабакаҳои ягонаи соҳавӣ ва бисёрсоҳавии электронӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Бинобар ҳамин, Кумитаи андоз пайваста барои он кӯшида истодааст, ки барои дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар мақомоти андоз тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам созад ва то имрӯз ба як қатор дастовардҳо ҳам ноил гардидааст.

Мавриди амал қарор додани барномаҳои компютерӣ имкон медиҳад, ки фаврияти бақайдгирӣ ва баҳисобгирии андозсупорандагон ва андозҳо, дар сатҳи замонавӣ анҷом додани коркарди маълумотҳо таъмин гардида, ба андозсупорандагон дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ ва бо сифати баланд хизмат расонида шавад.

Барои мисол ёдовар мешавем, ки барномаи Системаи иттилоотии андоз “Равзанаи ягона” ҷиҳати оғоз намудани соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки соҳибкории инфиродӣ дар муҳлати то се рӯз ва дар шакли шахси ҳуқуқӣ то панҷ рӯз ба қайд гирифта, фаъолияти он шурӯъ гардад.

Ё худ, бо истифода аз барномаи компютерии махсус андозсупорандагон метавонанд эъломияҳои худро бе ташриф овардан ба мақомоти андоз, ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, ки дар натиҷа вақти онҳо сарфа ва хароҷоташон кам мегардад. Айни замон зиёда аз 58270 андозсупорандагон эъломияҳои худро бо истифода аз ин тартиб пешниҳод карда истодаанд ва бо мақсади аз ҷониби доираи ҳарчи васеи андозсупорандагон истифода бурдани тартиби мазкур, ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ба андозсупорандагон сертификат ва таҷҳизоти дахлдор ройгон дастрас карда мешавад.

Инчунин, андозсупорандагон тавассути “Утоқи шахсии андозсупоранда” бе ташриф овардан ба мақомоти андози маҳалли қайди худ, метавонанд маълумотҳоро оиди мавҷуд набудани қарзи андозҳо ва оиди дар қайди баҳисобгирии нозироти андоз дар низоми соддакардашудаи андозбандӣ фаъолият доштан, ки бо истифода аз низоми хизматрасониҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст, дастрас намоянд.

Бо мақсади такмил ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои электронӣ, дар доираи Лоиҳаи ислоҳоти маъмурикунонии андоз бо ҷалби машваратчиҳои байналмилалӣ ташхиси пурраи бизнес – равандҳо гузаронида шуд, ки дар заминаи онҳо хариди барномаҳои иттилотии танзимкунандаи хизматрасониҳои андозӣ ва таҷҳизотҳои технологияи иттилоотӣ амалӣ карда шуда истодааст. Роҳандозӣ гардидани барномаҳои компютерии мазкур барои таъмини бемамониати мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ дар шакли электронӣ ва ташкили иқтидори баланди кории махзанҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст. Татбиқи барномаҳои компютерии мазкур имкон медиҳанд, ки аксарияти самтҳои фаъолияти мақомоти андоз бо истифода аз барномаҳои иттилотии андоз ба роҳ монда шуда, дар ин замина хароҷоти мақомоти андоз ва андозсупоранда кам карда шавад.

Дар натиҷаи ташхиси пурраи бизнес – равандҳо, 39 модули барномаҳои компютерӣ тасдиқ гардида, барои таҳияи барномаҳои дахлдори компютерӣ омода карда шуданд. Аз ҷумла, модулҳои системаи иттилоотии андоз “Бақайдгирии шахсони воқеӣ”, “Бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ”, “Бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ”, “Баҳисобгирии шахсони ҳуқуқӣ ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ”, “Баҳисобгирии соҳибкорони инфиродӣ”, “Баҳисобгирии амволи манқул ва ғайриманқул”, “Коркарди ҳуҷҷатҳои пардохтӣ”, “Баҳисобгирии натиҷаи санҷишҳо”, “Идоракунии батаъхиргузории уҳдадориҳои пардохти андозҳо”, “Баҳисобгирии истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ”, “Мониторинги мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ”, “Мониторинги андозсупорандагон”, “Баҳисобгирии ҳисобнома-фактураҳо”, “Идораи хавфҳо”, “Баҳисобгирии қарзи андозҳо”, “Баҳисобгирии ҷарима ва фоизҳо”, “Ситонидани маҷбурӣ” ва ғайраҳо.

Дар маҷмуъ, то имрӯз мақомоти андоз чунин номгӯи хизматрасониҳоро ба таври электронӣ ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон пешниҳод намуда истодааст:
  • пешниҳоди эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ;
  • азназаргузаронии ҳисобварақа;
  • тартиб додани санади муқоисавӣ;
  • таҳияи ҳисобнома – фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ;
  • пешниҳоди эъломияҳои андоз аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ;
  • гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ;
  • саволу ҷавоб оид ба қонунгузории андоз;
  • ҳисобкунаки андоз (налоговый калкулятор);
  • кодекси андоз дар барномаи “android”(барои телефонҳои мобилӣ);
  • дастрас намудани маълумотнома оиди надоштани қарзи андозҳо;
  • дастрас намудани маълумотномаи оиди дар қайди мақомоти андоз дар низоми содакардашуда фаъолият доштан;
  • онлайн номнавис (сабт) намудани қабули андозсупорандагон ва шаҳрвандон дар Кумитаи андоз;
  • пешниҳоди машварат дар низоми вақти мустақим (онлайн);
  • пешниҳоди маълумоти фаврӣ оиди РМА ва РСБ;
  • Кол-сентр;
  • почтаи электронӣ ва ғайраҳо;

Бояд таъкид намуд, ки мақсад аз мавриди истифода қарор додани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар мақомоти андоз, ин на танҳо дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон, баҳисобгирии манбаъҳои андозбандии онҳо, назорати шаффофияти кори нозирони андоз, созмон додани махзанҳои маълумот ва имкониятҳои васеи таҳлилии нишондиҳандаҳои фаъолият ва раванди андозсупории андозсупорандагон, балки пеш аз ҳама ҳаддалимкон сода намудани иҷрои уҳдадориҳои андозии андозсупорандагон мебошад.

Бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаи инфрасохтори Маркази коркарди маълумотҳо ва ҷиҳати тақвият бахшидани сохтори идоракунии мақомоти андоз, бо мақсади афзун намудани самаранокии фаъолияти Кумитаи андоз, беҳтар намудани идоракунӣ ва бо маълумотҳои зарурӣ таъмин сохтани мақомоти ҳудудии андоз, дар асоси Фармоиши Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2016, таҳти №419 тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №456, Маркази коркарди маълумот таъсис дода шуд.

Маркази коркарди маълумот бо истифода аз инфрасохтори ҳозиразамон ба таҳлили маълумоти ба махзани маълумотҳои Кумитаи андоз аз тарафи андозсупорандагон ва дигар мақомоти давлатӣ воридшуда ва дар асоси он таҳия намудани пешниҳоду дурнамоҳо оид ба такмили сиёсати андоз ва беҳтар намудани маъмурикунонии андоз машғул гардида, фаъолияти Марказ инчунин, ба ташкили шабакаи ягонаи табодули маълумот байни вазорату идораҳо, таъмини дастрасии мақомоти давлатӣ ба маълумоти зарурӣ мусоидат намуда, барои ташкили Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Кумитаи андоз тасмим гирифтааст, ки дар доираи имкониятҳои техникӣ ва шабакаи дохилисоҳовии мақомоти андоз, минбаъд низ ҷиҳати васеъ намудани хизматрасониҳои электронӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон ва татбиқи технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ пайваста чораҷуӣ намояд.

Дар назар аст, ки бо назардошти имкониятҳои молиявӣ ва фароҳам овардани базаи моддию техникӣ, чунин хизматрасониҳо давра ба давра зиёд карда мешаванд.шаблоны для dle 11.2