banner

Баҳисобгирии ҳуҷҷатҳои андозсупорандагон




Эълон  

     Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи андозсупорандагон мерасонад, ки тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад, вазифадораст ба пуррагӣ ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро вобаста объектҳои андозбандӣ ва ё объектҳои ба андозбандӣ алоқамндро пеш бурда, дар доираи муҳлати даъво бо худ нигоҳ дорад.


  Зимнан, қайд менамоем, ки тибқи талаботи боби 29 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хариду фуруши мол аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, дар доираи шартнома амалӣ карда шуда, ҳамзамон тибқи Тартиби истифодабарии системаи соддакардашудаи ҳисобот ва баҳисобгирӣ дар суъбектҳои соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд аз ҷониби соҳибкороне, ки ба фурӯши чаканаи молҳо машғул мебошанд, барои  қонунӣ гардонидани амалиётҳои хоҷагидорӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди моли ба фурӯш баровардашудаи худро  аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти молро дошта бошанд.
 Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ» масъулияти ташкили ҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар субъектҳои соҳибкории хурд, риояи қонунгузории ҷорӣ ҳангоми иҷрои амалиётҳои хоҷагидорӣ ба зиммаи роҳбарони субъектҳои соҳибкории хурд гузошта шудааст.
 Дар сурати риоя нагардидани талаботи мазкур, дар асоси қисми 2 моддаи 599 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Шумо барои риоя накардани тартиби муқарраргардида, ҷаримаи маъмурӣ аз 7500 то 10000 сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
 Бинобар ин, Кумитаи андоз андозсупорандагонро огоҳ менамояд, ки нисбати амалиётҳои хоҷагидории худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди моли ба фурӯш баровардашударо  аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти молро дошта бошанд.
 
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
шаблоны для dle 11.2