Рӯзҳои 13-14 феврали соли 2025 бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми роҳбарони мақомоти андози давлатҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (минбаъд - Форум) баргузор гардид.
Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистони Лоиҳаи муштараки ҳамкории Хазинаи Байналмилалии Асъор бо нуҳ кишвари аъзо, аз ҷумла Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Дар Форум беш аз 20 иштирокчӣ дар сатҳи роҳбарони мақомоти андоз аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бахтиёр - муовини Раиси Кумитаи андоз ва Вазирзода Собир – сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз иштирок намуданд.
Инчунин, дар Форум коршиносони байналмилалӣ таҳти роҳбарии Катрин Бэр – муовини Директори Раёсати фискалии Хазинаи Байналмилалии Асъор иштирок намуда, намояндагони мақомоти андози кишварҳои минтақаҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистонро бо масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз ҷумла навовариҳо дар самти маъмурикунонии андоз, роҳҳои ҳалли мушкилотҳо, истифодаи зеҳни сунъӣ дар маъмурикунонии андоз ва беҳтар намудани фазои сармоягузории давлатҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ шинос намуданд.
Ҳамзамон, Бахтиёр Султон ба таваҷҷуҳи иштирокчиёни Форум оид ба ислоҳотҳои андозӣ аз ҷумла, рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатии мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳиммияти ҳамкории минтақавӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти андози Тоҷикистон дар доираи Маркази минтақавии рушди иқтидор барои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.